“Меҳмонӣ”-и зан дар хонаи собиқ шавҳараш бо куштор анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 43 сола, сокини шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки қатли собиқ ҳамсараш айбдор мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тақрибан соати 10-и рӯзи 26-уми июл зани 40-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ба хонаи собиқ шавҳараш рафта, бо ӯ муноқиша кардааст: “Дар пайи муноқиша мард як маротиба ба қафаси синаи ҳамсари собиқаш бо корд мезанад, ки дар натиҷа зан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад”.
Манбаъ мегӯяд, феълан далели шайъӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.