Аз "А" то "Я"-и суолуҷавоб бо генерал Раҳимзода: Аз бемории Гулмурод то фоидаи камераҳо
Хабаргузории “Озодагон” ҷузъиёти суолуҷавоби Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистонро бо хабарнигорон, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, пешкаши хонандагон мекунад.
Таҳияи Алишер ЗАРИФӢ
Саволи 1: Оид ба Эҳсон Одинаев як нафар корбари фаъоли шабакаи интернетӣ, ки дар "Фейсбук" бо номи мустаори Сарафрози Оламафрӯз саҳифа дошт, чанде пеш гум шудааст, маълумот медодед?
Саволи 2: Вобаста ба наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба таъқибу таҳқири шаҳрвандон даст задаанд, чӣ чора андешида мешавад?
Посухи Вазир ба саволи 1: Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия оиди он, ки Эҳсон Одинаев бо номи «Сарафрози Оламафрӯз» беному нишон бедарак шудааст, ба Вазорати корҳои дохилӣ ягон дархост ворид нагардидааст. Дар Тоҷикистон ҳам нисбати гумшавии ин нафар касе то ҳол муроҷиат накардааст. Агар дархосте расид, ҳатман баррасӣ мекунем.
Посухи Вазир ба саволи 2: Оиди ин наворҳо ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ санҷиш гузаронида шуда, нисбати онхо чорачуи ва онхо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад. Чи тавре, ки дар боло қайд кардам, дар соли сипаригардида барои риоя накардани қонуният ва интизоми хизматӣ 977 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуда, аз ин 186 нафар аз мақомот озод карда шуданд.
Ҳафтаномаи "Ҷумҳурият"
Саволи 1. Чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоъҳои мусалаҳҳона дар давлати Сурия иштирок доранд?
Саволи 2. Ба воситаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барномаи «Раҳнамо» доир ба ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ пайваста намоиш дода мешуд. Шаҳрвандон ба ҳафтаномаи мо нома равон карда мепурсанд, ки сабаби баста шудани барномаи мазкур дар чист?
Саволи 3. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» каме маълумот медодед?
Посухи Вазир ба саволи 1: Вобаста ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона дар давлати Сурия гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. То имрӯз 519 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳона дар давлати Сурия иштирок дошта, аз инҳо 150 нафар ба ҳалокат расида, 35 нафари онҳоро баргардондем.
Посухи сардори РБДА генерал-майори милитсия Саидзода М.Б. ба саволи 2: Айни замон аз ҷониби кормандони шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти РБДА тарҳи нави барномаи «Роҳнамо» бо номи «Суръат» таҳия гардида, ба наздикӣ ба воситаи телевизион пахш карда мешавад.
Посухи муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм полковники милитсия Солиев К.Ҳ. ба саволи 3:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» 6-уми июли соли 2014 қабул гардидааст. Вазорати корҳои дохилӣ дар қонунгузории навин ба доираи субъектони давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон дар баробари мақомоти прокуратура, амният, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук ба шумор меравад. Аз қабули Қонуни мазкур як соли пурра сипарӣ шуда, дар ин давра Вазорат баҳри иҷрои вазифаҳои худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар сохтори ВКД, Шӯъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил таъсис дода шудааст, ки дар ин самт фаъолият мебарад. Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ вобаста ба савдои одамон нишон медиҳад, ки дар шаш моҳи соли равон 18 ҳолати хариду фурӯши одамон (аз инҳо 7 ҳолаташ хариду фурӯши ноболиғон), ба қайд гирифта шудааст.
"Радиои Озодӣ"
Савол: Вобаста ба куштори Умаралӣ Қувватов ва боздошти Сулаймон Қаюмов равшанӣ меандохтед? Ҳамчунин оиди он, ки гӯё Муҳиддин Кабирӣ бинобар таҳдиди марг ба хориҷа сафар кардааст?
Посухи Вазир: Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия вобаста ба куштори Умаралӣ Қувватон ягон дархосте пешниҳод нагардидааст. Вобаста ба гумонбаршуда Сулаймон Қаюмов аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маводҳо ба мақомоти корҳои дохилии давлати Туркия равон карда шуданд ва нисбати ӯ тафтишот идома дорад.
Вобаста ба Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯё ӯро таҳдиди куштан карда бошанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ ягон муроҷиат оид ба таҳдиди куштан ба қайд гирифта нашудааст. Ягон таҳдид ҳам вуҷуд надорад.
Рӯзноманигори мустақил Ёқуб Ҳалимов:
Саволи 1: Дирӯз дар шаҳри Душанбе рейд гузаронида шуд ва сабаби гузаронидани рейд чӣ буд?
Саволи 2. Гулмурод Ҳалимов баъди ба Сурия рафтан ӯ аз он ҷо ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гузориш дод, ки сабаби рафтани ӯ норозигӣ аз мақомот буда, ҷаласаеро дар назди Шумо мисол овардааст?
Посухи Вазир ба саволи 1: Оиди гузаронидани рейд, ин фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аст. Аз ҷониби кормандони мақомот ҷиҳати пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мунтазам рейдҳо гузаронида мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани рейди дирӯза 49 нафар дар ҳолати мастӣ, 60 нафар беҳуҷҷати ронандагӣ ва 46 нафар бо мошинҳои беиҷозат сиёҳшиша ва ғайра муайян гардиданд. Ин рейдҳо бо мақсади пешгирӣ ва профилактика гузаронида шуда, нисбати мардум ягон қонуншиканӣ нест. Ҳангоми гузаронидани рейдҳо ба кормандон дастур дода мешавад, ки бо мардум хушмуомила бошанд ва Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ назорат мебарад, ки ягон корманд қонуншиканӣ накунад.
Посухи Вазир ба саволи 2: Нисбати Гулмурод Ҳалимов ҳар хел овозаҳо ҳаст, мо оиди риоя ва ҳифз намудани расму ойини миллии худ, арзишҳои миллӣ ибрози андеша намудем, агар аз ин кори мо хафа шуда, зану фарзанд ва падару модари худро партофта ба ҷанг рафта бошад, пас худатон қазоват кунед. Мо корҳои оперативӣ-профилактикӣ пеш мебурдем. Вақте аз ҷиҳати рӯҳӣ ва равонӣ ба мақомот дуруст наомад, чандин маротиба эрод гирифтем. Санҷиш гузарондем. Ӯ фаҳмид, ки оқибаташ ба хубӣ намеанҷомад ва мо ӯро аз мақомот озод мекунем, ӯ рафта ба гурӯҳи ифротӣ шомил шуд.
Баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баъзеҳо бе санҷиши рӯҳӣ ба мақомот дохил шуданд. Солҳои охир мо чунин ашхоси тасодуфиро аз мақомот тоза кардем. Нисбат ба Ҳалимов ҳам гумонбар будем, ки ҳолаташ аз нигоҳи рӯҳиву равонӣ хуб нест. Ман фикр мекунам, Ҳалимов Гулмурод низ чунин як шахси тасодуфӣ буд ва оқибат рафта ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуд ва ин дигар ягон сабаб надорад.
Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигори мустақил
Савол: Дар соли 2015, чӣ қадар ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст ва сабабу ангезаи онҳо чӣ буд?
Ҷавоб: Дар 6-моҳи соли равон аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 51(соли 2014-54) ҷинояти куштор ва сӯйиқасд ба куштор ба қайд гирифта шудааст, ки сабабу ангезаи онҳо ин:
-хусумати оилавӣ – 11 ҳолат,
-бемории рӯҳӣ – 5 ҳолат,
-дар ҳолати мастӣ – 7 ҳолат,
-хушунати оилавӣ – 15 ,
-аз ҳиссиёти авбошӣ – 6 ҳолат ва ғайра мебошад.
Агентии миллии иттилоотии "Ховар"
Савол: Дар ин давра аз Федератсияи Россия чӣ қадар ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро овардаанд?
Ҷавоб: Дар 6- моҳи соли ҷорӣ 433 (2014-422) ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Федератсияи Россия оварда шуд. Сабаб ва омилҳои асосӣ ин: куштор – 19 ҳолат, беморӣ – 232 ҳолат, ҳодисаҳои нохӯш – 93 ҳолат, садамаи нақлиётӣ – 60 ҳолат, худкушӣ – 11 ҳолат ва дигар омилҳо – 18 ҳолат мебошанд. Аз ин миқдор 46 – нафарро занон ташкил медиҳанд.
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон
Савол: Имрӯз бо кӯмаки ВКД чанд нафар шаҳрвандон аз Сурия ба Ватан оварда шуданд?
Ҷавоб: То имрӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 9-нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҷиҳати иштирок дар муноқишаҳо аз давлати Сурия, 9-нафари дигарро аз давлати Туркия, ки тавассути сарҳад қасди ба давлати Сурия гузаштанро доштанд, инчунин 2-нафарро аз Федератсияи Россия, ки ба Сурия рафтанӣ буданд, ба Тоҷикистон баргардониданд, 1-нафарро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 14-нафарро дар ҳудуд ҷумҳурӣ, ки қасди шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои террористии Давлати исломиро доштанд, дастгир намуданд. Дар умум 35 - нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ба ватан баргардонида шуданд.
Савол: Ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурия иштирок доштанд ва имрӯз пушаймон шудаанд, оё ягон имкони баргардонидани онҳо мавҷуд аст?
Ҷавоб: Онҳое, ки имрӯз дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурия ва Ироқ ҳастанд, имконияти баргаштани онҳо ниҳоят маҳдуд ва ғайриимкон аст. Онҳо дар он ҷо ё ба ҳалокат мерасанд ё зиндонӣ мешаванд. Шояд аз сад як нафари онҳо бо роҳи фирор намудан, имкони баргаштанро дошта бошад. Агар роҳбарони гурӯҳҳои ҷангҷӯй фирор намудани аъзоёни худро фаҳманд худи онҳо ин гуна ашхосро сар мебуранд. Онҳое ки имконияти то сарҳади Туркия фирор карданро доранд. Мо бо ҳар роҳу восита кӯшиш карда истодааем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлати Туркия онҳоро ба ватан баргардонем.
ТВ "Ҷаҳоннамо"
Савол: Камераҳои мушоҳидавие, ки дар кўчаҳои марказии шаҳр насб шудаанд, то имрўз чӣ натиҷа додаанд ва оё сатҳи садаманокӣ кам гардидааст?
Ҷавоб: Воқеан баъди ба фаъолият шурӯъ намудани камераҳои мушоҳидавӣ дар роҳҳои пойтахт, дар баробари кам гардидани қонунвайронкунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин сатҳи садаманокӣ ва қонунвайронкунӣ дар роҳҳои нақлиётгард низ паст гардид. Вазъи садаманокӣ дар роҳҳое, ки камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд, нисбат ба солҳои пеш 30 фоиз коҳиш ёфтааст. Агар дар 6 моҳи соли 2014, 66 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар ҳамин давраи соли равон 49 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Яъне бартарӣ ва самаранокии фаъолияти Шаҳри бехатар ба назаррас расида, мебинем, ки сатҳи садаманокӣ сол аз сол коҳиш меёбад. Инчунин, тавассути имкониятҳои Марказ 1820 ҳолати тамбашавӣ дар роҳҳо ва 247 ҳолати баҳси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бартараф карда шуда, зиёда аз 140 ҷиноят, 6800 ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣошкор ва 767 воситаҳои нақлиёти дар кофтуков қарордошта, боздошт карда шуданд.
Савол: Баъзе ронандагон аз он шикоят доранд, ки охири ҳар моҳ ба номи онҳо квитансия оиди қоидавайронкунӣ ва супоридани ҷарима ирсол
мегардад. Тартиби дурусти равон кардани чунин квитансияҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Ҷавоб: Дар асоси моддаи 87 қ. 3 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба соҳиби воситаи нақлиёт тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» расм ва сабти видеои ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамзамон амрномаи намунаи муқаррар гардида, бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда, фиристонида мешавад.
Савол: Тақдири полковники фирорӣ чӣ шуд?
Ҷавоб: Тақдири собиқ корманди ВКД Ҳалимов Гулмурод, монанди тақдири даҳҳо нафар ашхоси роҳгумзада, ки дур аз Ватан дар ғарибӣ, хорию зорӣ умр ба сар бурда, марги бераҳмона дар дашту биёбон насибашон гардидаааст, ҳамон тавр хоҳад шуд. Ҳар касе, ки дар муқобили давлату миллат, ватан ва фарзандони он хиёнат мекунад, ба ҷазои сахттарин гирифтор мешавад. Ӯ на танҳо ба Ватан ва кормандони ин ниҳод, балки ба волидайн наздикону пайвандон, мардуми деҳа, бахусус падари мӯйсафед ва ҳамсару фарзандони ноболиғаш хиёнат намуд ва онҳоро дар ҳолати ногувор ва нигаронкунанда гузошт. Рафтори хоинона ва хиёнаткоронаи Гулмурод Ҳалимовро дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки обу хоки ин сарзамин, дастовардҳои даврони истиқлолият, талошу кӯшишҳои Сарвари давлати точикон барои рушду шукуфоии ватани аҷдодӣ азиз аст, маҳкум мекунанд.
ТВ "Ҷаҳоннамо"
Савол: Сабаби бештар рӯ овардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар чист?
Ҷавоб: Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, ин пеш аз ҳама сатҳи пасти донишу маърифат, бехабарӣ аз таълимоти дини мубини ислом ва нафаҳмонидани моҳияти исломи воқеӣ аз ҷониби намояндагони дин, таълиму тарбияи суст дар оила, сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ ва аз ҷониби дигар ин соддагию гумроҳии ҷавонон, ки фирефтаи суханҳои ашхоси ҷангҷӯю иғвоангез ва манфиатҷӯ гардида, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Бештар ба ин гурӯҳҳо ҷавононеро ҷалб менамоянд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Вақте онҳо дур аз ватан дар хориҷи кишвар дучори мушкилӣ мегарданд, ашхоси миёнараву манфиатҷӯ бо истифода аз ин вазъият онҳоро ба доми худ мекашанд ва маблағҳои калони пулиро ваъда карда, баъдан ба ҷиҳод равон мекунанд.
Радиои "Ховар"
Савол: Дар ҳудуди шаҳри Душанбе интернет-кафеҳои зиёд фаъолият доранд ва ба он ҷо фақат мактаббачаҳо мераванд. Баъд аз соати 11-12 шаб ин ноболиғон ба ҳар гуна шабакаҳои иҷтимоӣ медароянд, ки ин ба ояндаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад, инро ки бояд назорат кунад?
Ҷавоб: Бо мақсади пешгирии амалу кирдори номатлуб, роҳнамоии наврасону ҷавонон ба роҳи дуруст ва татбиқи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ҳамкорӣ бо кормандони соҳаи маориф, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ, бозорҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ пайваста рейдҳо доир карда мешаванд. Дар муддати 6-моҳи соли ҷорӣ 1026 маротиба рейдҳо ва амалиёти муштарак баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 5635 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон ошкор карда шудааст. (Ин оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ дар бозорҳо, дар вақти дарс ва шабона ба бозиҳои компютерӣ машғул шудан, дар нақлиёт ба пулчинӣ машғул гардидан ва ғайра.)
Савол: Дар соли 2015 чанд нафар падару модар ва масъулини муассисаҳои таҳсилотӣ барои риоя накардани қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷарима карда шудааст?
Ҷавоб: Дар ин муддат 6986 (соли 2014 - 6635) протоколи маъмурӣ, тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӣӣ ба судҳои шаҳру ноҳия ирсол карда шудааст.
Радиои "Садои Душанбе"
Савол: Шумораи худкушии занҳо дар 6-моҳи соли 2014 ва 2015?
Ҷавоб: Дар соли 2014 дар миқёси ҷумҳурӣ 153 зан даст ба худкушӣ задаааст, ки аз ин шумора 31-нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд. Дар 6-моҳи соли ҷорӣ бошад, дар ҷумҳурӣ 145 ҳодисаи худкушӣ аз ҷониби занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 33-нафаршон ноболиғ мебошанд.
Умуман, дар ҷумҳурӣ дар соли равон 326 (2014-318) ҳодисаи худкушӣ ва сӯйқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст.
Савол: Теъдоди кушторҳо вобаста ба хушунати оилавӣ дар соли 2014 ва шаш моҳи соли 2015?
Ҷавоб: Дар соли 2014 ва6 моҳи сори равон дар ҷумҳурӣ 20 ҳолати ҷинояти одамкушӣ дар заминаи хушунати оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 15-ҳолати он дар соли ҷорӣ руй додаст. Ин куштори ҳамсар аз ҷониб шавҳар, келин аз ҷониби падарарӯс ва хоҳар аз ҷониби бародар мебошад. Дар шаҳри Душанбе – ҳолат, вилояти Суғд – ҳолат, Хатлон – ҳолат, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Мисол: 30 январи соли 2015 шаҳрванд Юлдошев Баҳром, сокини шаҳри Конибодом, ҳамсари худ Эргашева Дилором, фарзандони ноболиғаш Заринаи 8 - сола ва Нурмаҳмади 13 - соларо дар хонаи истиқоматиаш ваҳшиёна бо табар зада, ба ҳалокат мерасонад. Бо ҳукми суди вилояти Суғд нисбати ӯ ҷазои ҳабси якумра татбиқ карда шуд.
Мисол: 28.06.15 сол, шаҳрванд Ғоибов Сайдалӣ, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҳисор аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш Фарзонаи Шарофиддин, соли таваллудаш 1993 - ро дар ҳавлии истиқоматиаш бо 30 захми корд ба ҳалокат мерасонад.
Мисол: Рӯзи 30.06.15 сол дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб ҷасади шаҳрванд Алиҷонова Нилуфари 23 сола ёфт гардид. Баъди бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ хусури ӯ шаҳрванд Аҳмадов Маҳмадсаид, соли таваллудаш 1960, сокини ҳамон ҷо ҳамчун гумонбар дастгир шуд. Номбурда бо корд 5-маротиба ба бадани келини худ зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ин давра дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ якчанд семинару конференсияҳо дар ин мавзӯъ доир карда шуд.
Охиран моҳи январи соли равон дар вилояти Суғд конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӣи "Омилҳои асосии пайдошавии муноқишаҳои оилавӣ дар ҷомеа ва чораҳои пешгирии онҳо" бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, рӯзноманигорон, ходимони дин, раисони ҷамоат ва шаҳракҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конференсия сабабу омилҳои зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии он, ҳамчунин бунёди оилаи солим дар ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокчиён таклифу пешниҳоди мушаххас манзур намуданд.
Савол: Воридоти ҳаб (экстазӣ)-ҳо аз куҷо ва ба кадом роҳ вориди кишвар мешаванд, оиди пешгирии ин маводи зараровар чи тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷавоб: Ҳаб (таблетка)-ҳо, ки таркибашон аз маводҳои нашъаовари синтетикӣ иборатанд, бо таври қочоқ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Қирғизистон ба воситаи роҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Бо мақсади татбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир" аз 12 апрели соли 1996 ва «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 13-феврали соли 2013 ҷиҳати пешгирии воридиоти ҳабҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои самаранок андешида шудаанд, то муомилоти ғайриқонунӣ ва пеши роҳи паҳншавии маводҳои нашъадор, бахусус ҳабҳо гирифта шуда, солимии ҷомеа таъмин карда шавад. Мисол: Дар натиҷаи чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар соли равон, аз як нафар сокини шаҳри Душанбе ба миқдори 13 ҳазору 470 дона ин гуна ҳабҳо, ки вазни холисашон 3 кг 200 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин 21 феврали соли ҷорӣ аз шаҳрвандон Искандаров Шерафкан ва Мадхолов Камолиддин, сокинони пойтахт 44 - адад ҳабҳои нашъадор мусодира гардид.
Радиои "Тоҷикистон"
Савол: Сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон нисбат ба соли гузашта чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 422 (соли 2014 - 468) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҳолат камтар мебошад. Аз тарафи ҷавонон бошад 3036 (соли 2014-2594) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 469 ҳолат зиёд гардидааст.
Савол: Тафтиши куштори бераҳмона дар ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар кадом сатҳ қарор дорад?
Ҷавоб: Вобаста ба ошкор намудани ҷинояти одамкушӣ нисбати оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Баҳри ошкор намудани ҷинояти мазкур ва муайян кардани гилзаҳои аз ҷойи ҳодиса ёфта, ба тариқи озмоишӣ яроқҳои оташфишони тамғаи автомати Калашников, ки дар тавозуни қисмҳои ҳарбии дар вилоят ҳастанд мавриди санҷиш қарор гирифтанд. 7- адад изҳои дасти аз ҷойи ҳодиса гирифташуда дар Раёсати ташхиси криминалистӣ мавриди озмоиш қарор гирифтанд, ки ҳам дар гилза ва изҳои даст ҳаммонандӣ пайдо нагардид. Тамоми хабару маълумотҳо санҷида шуда, гурӯҳи кории таъсисдодашуда дар ҳайати 14-нафар дар ин самт коркардҳои оперативӣ мебаранд. Парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаҳои 104 қ.2, 249 қ.4 дар прокуратураи ноҳия мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳафтаномаи "Фараж"
Савол: "Шаҳри бехатар" тӯли фаъолияти хеш то имрўз ба хазинаи давлат ч¬ӣ қадар даромад ворид кардааст ва қарзе, ки аз Давлати Мардумии Чин гирифтаанд, аз ҳисоби ҷаримаҳои ронандагон бармегардонанд?
Ҷавоб: Аз рўзи оғоз гардидани фаъолияти «Шаҳри бехатар», яъне аз 1 ноябри соли 2013 то 1 июли соли 2015 зиёда аз 40 млн сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Сарчашмаи баргардонидани маблағҳои қарзӣ, барои татбиқи амалии лоиҳаи «Шаҳри бехатар», маблағҳои буҷети давлатӣ мебошад.
Радиои "Азия-плюс"
Савол: Камераҳои мушоҳидавӣ, ки дар кўчаҳои марказии пойтахт насб гардидаанд, қоидавайронкунии ронандагонро ҳангоми харакат дар роҳ сабт месозанд. Нисбати ин масъала мехостем фаҳмем, ки ронандагон ҷаримаро ба кормандони БДА, ки фаъолияти хизматиашонро дар роҳҳо пеш мебаранд, месупоранд?
Ҷавоб: Ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» сабт шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ содир мегарданд, ҷарима ба кормандони БДА, ки фаъолияти хизматиашонро дар роҳ пеш мебаранд, супорида намешавад. Ҷаримаи маъмурӣ дар асоси амрнома, ки дар он андозаи ҷаримаи маъмурӣ зикр шудааст ба Буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Бароталӣ Назаров, рӯзноманигор
Савол: Оё ҳамаи шаҳодатномаҳои ронандагӣ пас аз он, ки ба системаи кортӣ мегузаранд, ҳатмӣ иваз мешаванд ё то як давраи муайян?
Ҷавоб: Дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.02.2014 сол, таҳти № 116 «Дар бораи ҷорӣ намудани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қаламрави ҷумҳурӣ шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ, ҷорӣ карда шудааст.
Мутобиқи банди 35.1 Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306 тасдиқ шудааст, шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.
Бояд қайд кард, ки ҷараёни додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ яке аз унсурҳои бунёди Системаи ягонаи иттилоотии ҷумуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият"
Савол: Ҷанговарони интернатсионалист дар Афғонистон хизмат кардаанд, барои гузариши муоинаи техникии мошини шахсиашон ягон имтиёз доранд?
Ҷавоб: Мутобиқи моддаи 267 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон як автомобил, новобаста ба иқтидори муҳаррик, ки моликияти ҷанговарони интернатсионалист мебошад ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад, аз андозбандӣ озод карда мешавад. Корманди БДА ҳангоми гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти ҷанговарони интернатсионалист ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи муқарраргардидаи андозро, ки аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ситонида мешавад, талаб наменамояд.
Рӯзномаи "Садои мардум"
Савол: Сафи нафарони ифротгароне ки дар Сурия карор доранд чӣ гуна ошкор карда мешаванд? Оё ягон тадқиқот вуҷуд дорад.
Ҷавоб: Бо мақсади ошкор ва муайян намудани шумора, шахсият ва мансубияти шахсоне,ки айни замон дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷиширок доранд, аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Покуратураи генералӣ, ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст. Тибқи маълумоти ситоди мазкур, имрӯз 519-нафар шаҳрвандон шомили гурӯҳҳои ифротӣ дар мунқишаҳои кишварҳои хориҷ ҳастанд.
Савол: Агар номи мақомоти корҳои дохилӣ аз милитсия ба политсия иваз карда шавад чӣқадар хароҷот мешавад?
Ҷавоб: Дар натиҷаи тағйир додани номи милитсия ба политсия, зарурияти иваз намудани мӯҳр, навиштаҷоти биноҳо, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва сару либоси кормандон ба миён меояд, ки хароҷоти умумии он тақрибан беш аз 38 миллиону 454 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои иваз намудани мӯҳр – 153 ҳазор сомонӣ, навиштаҷот дар даромадгоҳи биноҳо – зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ, дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ беш аз 37 млн 720 ҳазор сомонӣ сарф мегардад.
Савол: Муносибати кормандони БДА нисбати ронандагон дағал ба назар мерасад ва ҷаримаҳои зиёд мекунанд. Оё нисбати онҳо чора дида мешавад?
Ҷавоб: Дар 6-моҳи соли 2015 бо пешниҳоди Раёсати БДА ВКД барои вайрон намудани қонуният ва муомилаи дурушт бо шаҳрвандон 2 корманд аз вазифаҳои ишғолкарда озод ва ба 144 - корманд ҷазои интизомӣ дода шуда, маводҳо нисбати 1 корманд дар Суди шараф баррасӣ гардидааст.
Рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон"
Савол: ВКД барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳизбҳои ифротгаро ва баргардонидани ҷавонон аз ҷангҳои Сурия чӣ чораҳо меандешад?
Ҷавоб: Мо дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мунтазам барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва баргардонидани нафароне, ки дар муноқишаҳои ҷангӣ қарор доранд, бевосита бо падару модар ва наздикони онҳо, инчунин дар тамоми муассисаҳо, идораҳо, алалхусус мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, масҷидҳо ва маҳаллаву ҷамоатҳо, вобаста ба азиз доштани обу хоки ин сарзамин, боло бурдани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат, арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу маданияти миллӣ бо аҳолӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир менамоем. Чандин намоишу барномаҳои телевизиониро аз вазъи сангини онҳое, ки дар давлати Сурия қарор доранд ва он нафароне, ки даҳшату бераҳмии аъзои ин гурӯҳро бо чашми худ дида, пушаймон гаштаанд, омода ва нишон додем. Имрӯз мардум ҷоҳилию бераҳмии гурӯҳҳои ифротиро бо чашми худ дида, онҳое, ки пайвандонашон дар ин кишварҳо қарор доранд, ба мо муроҷиат карда истодаанд, то барои баргардонидани наздиконашон кӯмак намоем.
Савол: Сардорова Зарина аз рафтанаш ба Сурия пушаймон гардида, хоҳиш кардааст, ки барои баргардонидан кӯмак кунед. Оё мақомот ягон чора андешидааст ё не?
Ҷавоб: Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳо талош менамояд, ки онҳоеро, ки аз гумроҳӣ ба сафи гурӯҳҳои ифротии ҷангҷӯй шомил шуданд, аз ин роҳи хато ва хатарнок баргардонад, зеро онҳоро падару модар, ҳамсару фарзандон ва наздиконашон ин ҷо интизоранд.
Шаҳрванд Сардорова Зарина баъди дучору таъзиқу фишор гардидан дар мулки бегона, дархости кӯмак аз мақомоти Тоҷикистон намудааст, то ба Ватан баргардад. Мо бо мақомоти дахлдори давлати Туркия ҳамкорӣ дорем ва барои баргардонидани ӯ кӯшиш карда истодааем. Нисбати Сардорова Зарина бо моддаи 401, иловаи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда ба кофтукови расмӣ элон карда шуда, дар қайди махсуси Бюрои миллии Интерпол гузошта шудааст.
Ҳафтаномаи "Чархи гардун"
Савол: Бо иваз намудани номи милитсия бо политсия дар сафи кормандони мақомот тағйирот рух медиҳад ё не?
Ҷавоб: Мақсад аз ворид намудани ислоҳот ба милитсияи Тоҷикистон, ин танҳо иваз намудани номи он набуда, балки дар маҷмуъ ба рушду пешрафти сохтор ва самтҳои фаъолияти он навгониҳои зиёд ворид карда мешавад. Сабаби ислоҳот ин мутобиқ намудани мақомот ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди сохтору низоми фаъолият, роҳандозӣ намудани воситаҳои техникии муосир, такмили касбият ва муносибатҳои тахассусӣ ва ҳар чӣ бештару беҳтар бо мардум наздик намудани милитсия мебошад. Бо татбиқи ислоҳоти милитсия сатҳи касбият, шафофияти фаъолият, муносибати наздик бо аҳолӣ, иштироки сокинони мамлакат дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи кормандони мақомот таъмин мегардад.