Вазир: Барои политсия кардани милитсия 38,5 миллион сомонӣ зарур аст
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои иваз намудани милитсия ба политсия 38 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарур аст.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки барои тағйир додани номи милитсия ба политсия иваз намудани муҳр, навиштаҷоти биноҳо, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва сару либоси кормандон зарур аст: “Аз ҷумла барои иваз намудани мӯҳр – 153 ҳазор сомонӣ, навиштаҷот дар даромадгоҳи биноҳо – зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ, дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ беш аз 37 млн 720 ҳазор сомонӣ сарф мегардад”.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи мақомоти умури дохилӣ дар назар аст, ки милитсия ба политсия иваз карда шавад