Як муҳоҷири тоҷикро дар Русия оташ задаанд
Як шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон дар Русия оташ зада шудааст. Тавре расонаҳои русӣ мегӯянд, ин ҳодиса дар ноҳияи Ногински вилояти Маскав рух додааст.
Пулис дар ин амал шаҳрванди дигари Тоҷикистонро муттаҳам медонад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ҳангоми як низои лафзӣ табааи 37-солаи Тоҷикистон ба сару рӯи ҳамватани 54-солаи худ бензин пошида, пасон оташ задааст. Табибон гуфтаанд, ӯро замоне ба беморхона оварданд, ки 85 дарсади баданаш сухта буд.
Аз ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст ва ҳам маълум нест, ки онҳо зодаи кадом минтақаи кишваранд. Расонаҳо мегӯянд, аз рӯи ин далел парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.