Ҳамдардии Чин ва омодагияш барои кумак ба Тоҷикистон
Чин омодагии худро барои кумак ба осебдидагон аз офати табии ахир дар Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ низ дар пай дорад, эълон кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Аслов дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Пекин бо Ян Чзечӣ, узви Шӯрои давлатии Чин мулоқот кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Ян Чзечӣ дар ин вохурӣ ҳамдардии раҳбарият ва мардуми кишварашро ба мардуми Тоҷикистон дар робита ба офати табии ахир баён карда, омодагии Пекинро барои кумак эълон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намуд, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.
Масъулини ин ниҳод гуфтданд, даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва селфароӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд.