433 ҷасади муҳоҷирони тоҷик дар шаш моҳ аз Русия оварда шудааст
Дар шаш моҳи аввали соли 2015, аз Русия ҷасади 433 муҳоҷири меҳнатии тоҷик, бо шумули 46 зан ба Ватан оварда шудааст. Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 25 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ӯ далели марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро аслан, куштор, беморӣ ва ҳодисаҳои нохушӣ нақлиётӣ гуфт. Ба гуфтаи вазир, дар 19 ҳолат муҳоҷирони тоҷик дар Русия кушта шудаанд, “232 ҳолат беморӣ, 153 ҳолат ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои нақлиётӣ, 11 худкушӣ ва 18 ҳолатӣ боқимонда ба дигар омилҳо рост меяд”.
Ин омор дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон феълан дар Русия як миллиону 543 шаҳрвади Тоҷикистон ба сар мебарад, ки аз ин шумора ҳудуди аз 600 то 700 ҳазорашро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад.