Фаъол шудани торнамои маҷаллаи “Садои шарқ”
Торнамои маҷаллаи адабии “Садои шарқ”, нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол шуд. Ҳоло ин торнами бо нишони www.sadaishargh.tj дар шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрас мебошад.
Маҷаллаи “Садои шарқ” аз солҳои 30-юми асри 20 то ба имрӯз нашр мешавад. Дар гузашта шоир ва нависандагони шинохта -- Пулод Толис, Абдумалик Баҳорӣ (А. Раҳмонов), Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Абдулҳамид Самад, Урун Куҳзод, Ҷонибек Акобир ба ҳайси сармуҳаррири ин нашрия фаъолият кардаанд.
Ҳоло Рустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик сармуҳарририи ин маҷалларо бар уҳда дорад, ки аз моҳи июли соли гузашта, баъди даргузашти сармуҳаррири собиқи маҷалла - Ҷонибеки Акобир, масъулияти иҷрокунандаи вазифаи сармуҳарририро бар дӯш дошт.