Бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ маркази тиббии «Нурафзо» дари худро ба рӯи муштариён боз кард. Дар паҳлӯи бинои маъмурии маркази миллии тиббии «Қарияи боло» маркази нави тибби бо номи «Нурафзо» ба фаъолият шурӯъ кард, ки он дорои 4 утоқ буда, бо 4 номгӯи таҷҳизотҳои наву ҳозиразамон ба истифода дода шуд.
Дастгоҳи «Ренгении рақамӣ» имкони дар як саҳифа нишон додани 4 ташхисро дорад, дастгоҳи «Рақамии компиютерӣ» бошад, имкони 16 қабати пӯстро нишон доданро дорост. Дастгоҳи «Томографияи магнити резонантӣ»-томографияи калонтарин аст, ки одами 160 килограммаро қудрати бардоштану аксбардорӣ дорад, «Ултрасадо»-и ин марказ бо системаи ҳозиразамони доплерӣ таъмин ва ҷобаҷогузорӣ карда шудааст.
Манбаъи хабар ба «Озодагон» гуфт, ҳамаи ин дастгоҳҳо бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд.Ҳамчунин, дар саҳни марказ толори тафреҳӣ барои муштариён ба истифода дода шудааст.{jathumbnail off}