Вохурии Сироҷиддин Аслов бо Дмитрий Мезенсев дар Пекин
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Чин қарор дорад, бо Дмитрий Мезенсев, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин вохурӣ рӯзи 24 июл дар шаҳри Пекин баргузор шудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Саммити СҲШ-ро, ки 8 ва 9 июли соли раво дар шаҳри Уфаи Русия баргузор шуд, баррасӣ кардаанд.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар вохурӣ аз омодагии кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Котиботи созмон таъкид кардаанд.