Расулзода пулҳои ҷудокардаи Э.Раҳмонро ба Бадахшон бурд
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, барои расондани кӯмакпулие, ки аз ҳисоби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагон ҷудо шудааст, дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон қарор дорад.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз мақомоти иҷроияи маҳаллии Бадахшон итилоъ дода, афзуданд, намояндаҳои 5 хонаводаи зарардидаи деҳаи дурдасти Бардараи водии Бартанг низ барои дарёфти кӯмак аз дасти сарвазир ба Ванҷ интиқол дода шудаанд.
Ба иттилои манбаъ дар худи ноҳияи Ванҷ аз селу обхеззӣ 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ба хонаводаҳое, ки хонаашон пурра хароб шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки қисман зарар дидаанд, 6 ҳазор кӯмакпулии яквақтаина президент расонда шавад.
Дар назар аст, ки баъди расондани ин кӯмакпулӣ ба сокинони Ванҷ зуҳри имрӯз, 24-уми июл Қоҳир Расулзода озими ноҳияи Шуғнон мегардад, то маблағи ҷудокардаи раисиҷумҳурро расонаду аз наздик бо рафти корҳои барқарорсозӣ шинос шавад.