Ба ҷуз ин, масъалаҳои сармояи аввалия ҷиҳати ташкили тиҷорат дар ҳудуди минтақа, таъминоти об ва таъмини нерӯи барқ, ҳаҷми пешниҳоди қитъаҳои замин барои сохтмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Манбаъ ҳамчунин таъкид кард, ки дар анҷоми нишаст, дипломати покистонӣ намояндагони маъмуриятро даъват намуд, ки дар фаъолияти ЭКСПО дар Покистон иштирок намоянд. Ин чорабинӣ моҳи ноябр дар шаҳри Карочӣ бо иштироки беш аз 700 нафар соҳибкорону тоҷирони кишварҳои мухталифи ҷаҳон роҳандозӣ мешавад.{jathumbnail off}