Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Душанбе аз ҷилавгирии нақшаи созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” барои таркондани 12 шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки террористон онҳоро “муртадхона” мегуфтаанд, хабар дод. Ҳадафи террористон тарконидани ШКД-ҳо дар Душанбе, Рашт, Кӯлоб ва Файзобод даҳаи ахири моҳи Рамазон будааст.
Тавре аз ВКД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Бобоҷони Раҷабалӣ, ҷавони зодаи шаҳри Кӯлоб, ки дар бозори Корвон ба тиҷорат машғул будааст, дар “Одноклассники” бо “Абусаид” ном тоҷик, ки дар Сурия меҷангад, шинос шудааст: “Дар пайи ташвиқот Бобоҷон “Абусаид”-ро ҳамчун роҳбар қарор додааст ва бо дастури ӯ ният доштааст дар Тоҷикистон “ҷиҳод” кунад ва 12 ШКД-ро дар як рӯз тарконад. Тибқи иттилои оперативӣ “Абусаид” инчунини бо шаҳрвандони дигари Тоҷикистон бо номи Рӯдакӣ, Рӯдакӣ Муҳаммад ва чанди дигар робита барқарор кардааст. Бо дастури “Абусаид” ин нафарон бояд сад балони газро ҷамъоварӣ карда, 12 ШКД-ро метарконданд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан ду муттаҳами асосӣ-Бобоҷони Раҷабалӣ ва Ҷабборов Садридин, соли таваллудаш 1976 сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардидаанд.
Дар гузорише, ки ВКД шоми 23-юми июл тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пахш кард, боздоштшудагон гуноҳашонро иқрор кардаанд. Дар гузориш Бобоҷони Раҷабалӣ дар суҳбат бо мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, “бояд 100 балони газро ҷамъ карда, дар як рӯз се таркиш дар шаҳри Душанбе, се таркиш дар Кӯлоб се таркиш дар Файзобод ва се таркиши дигарро дар Ғарм амалӣ мекардем, ки аз ҷониби милисаҳо дастгир шудем. Барои пурзӯртар шудани таркиш бояд дар дохили балонҳо ҳар гуна меху оҳанҳои куҳна меандохтем”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми корҳои оперетивӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздоштшудаҳо 10 балони кислород ва дигар лавозимоти таркиш мусодира шудааст.
Дар мавриди Ҷабборов Садриддин, ёрдамчии Бобоҷон иттилоъ дода шуд, ки ӯ низ бо “Абусаид” дар интернет шинос шуда, ниҳоят моил шудааст, ки ба Сурия равад. Ӯ дар суҳбат бо муфаттишон гуфт, “ман гуфтам маблағ надорам ва роҳкироро равон кунед. "Абусаид" гуфт, бо одамаш дар Душанбе мулоқот кунам, кӯмак хоҳад кард. Зимни мулоқот маълум шуд, ки одамаш Бобоҷони Раҷабалӣ будааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан ҳар ду муттаҳам дар боздошт буда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад. АКСҲО аз гузориши телевизионии ВКД: