Додгоҳ: Мақсуд Иброҳимов 13 не, 17 сол аз озодӣ маҳрум шудааст
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мақсуд Иброҳимов, мухолифи ҳукумат ва раҳбари ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари матбуоти ин ниҳод хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳукми Мақсуд Иброҳимов як моҳ қабл, 24 июн дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ эълон шуд. Иброҳимов дар даъвати ошкоро барои тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон ва ташкили созмони ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, муҳлати таъинкардаи додрасро дар маҳбаси низомаш сангин пушти сар хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар сафҳаи интернетияш навишт, ки додгоҳ Мақсуд Иброҳимовро барои 13 сол равонаи зиндон кардааст.
Ба иттилои хонум Отаева, Мақсуд Иброҳимов моҳи январи соли равон дар Русия рабуда, бе ягон ҳуҷҷат дар бағоҷи ҳавопаймо ба Душанбе интиқол ёфтааст.
Мақсуд Иброҳимов, раҳбари ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар шаҳрҳои мухталифи Русия намоишҳои эътирозӣ баргузор карда, истеъфои ҳукумати Тоҷикистонро талаб мекард. Ӯ шоми 26 ба 27 ноябри соли 2014 дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба дунбол, мақомоти Тоҷикистон эълон кард, Иброҳимовро бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.