Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон ахиран фармонеро ба имзо расонд, ки ба наҳваи номгузорӣ дар ин кишвар рабт дорад.
Расонаҳои чопи Тошканд менависанд, райисҷумҳур бо ин амраш дастур додааст, ки дар Ӯзбакистон аз ин ба баъд бо номи ашхос ва ё рӯйдодҳои таърихӣ гузоштани номи кӯчаву хиёбон ва шаҳру навоҳӣ манъ мегардад. Дар асоси ин санда танҳо афроде истисно хоҳанд буд, ки дар таърихи Ӯзбакистон саҳми бузург доштаанд. Чунончӣ, шаҳри Навоӣ ба номи шоири машҳури садаи 15- Алишери Навоӣ (шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ) гузошта шудааст. Фармон замоне имзо мешавад, ки аксари кулли номҳои давраи шӯравӣ дар Ӯзбакистон тағйир ёфтаанд. Маврид ба ёдоварист, Ислом Каримов ҳанӯз дар соли 1993 гузоштани ҳайкал ва ё нимпайкара ба одамони зиндаро манъ карда буд. {jathumbnail off}