Ғарқ шудани "тангем" бо мусофирон дар Бадахшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд дар пайи сарозер шудани автомашинаи “Чанху”, ё худ “тангем” ба дарё се сокини вилояти Бадахшон ғарқ шудаанд.
Тавре аз ВКД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 22-юми июл, ронандаи 35-сола аз ноҳияи Ишкошим бо автомашинаи “Чанху”-аш ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳия ба тарафи деҳаи Ширген аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст: “Дар натиҷа мусофирон -марди 44-сола, ҷавондухтари 20-сола ва ҷавондухтари 17-сола, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Ишкошим мебошанд, дар дарё ғарқ шудаанд. Барои дарёфт намудани ҷасадҳои номбурдагон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи идома дорад”.
Манбаъ мегӯяд, худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.