Қаллоб боздошт гардид
Шаҳрванд Сатторов Бахтиёр, истиқоматкунандаи кӯчаи Клара Сеткина ба мақомоти интизомӣ бо ариза муроҷиат карда, иброз доштааст, ки чанд сол боз маблағи ба каси дигар додаашро гирифта наметавонад.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, соли 2007 Рустам Худойдодов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ деҳаи Қиблаӣ ба боварии Сатторов даромада, аз ӯ 27 780 доллари амрикоиро мегирад. Зимнан, Худойдодов ваъда медиҳад, ки бар ивази ин пул ба ӯ чӯбу тахта ва масолеҳи сохтмонӣ меорад, аммо маблағро ба манфиати худ сарф карда, ин маболиғро тайи чор сол барнагардонидааст. Феълан, Рустам Худойдодов боздошт гардида, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад.