Озмуни Аслов барои пайдо кардани иқтисоддону ҳуқуқшинос ва ...
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар ниҳоди таҳти раҳбарияш озмун эълон кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, хоҳишмандон метавонанд, барои ишғоли вазифаҳои муовини сардори Раёсат-сардори Шӯъбаи сиёсати иқтисодии хориҷӣ ва ҳадафҳои стратегии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, сардори Шӯъбаи муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкории Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, мушовири Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, котиби 1 Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, мутахассиси Раёсати кишварҳои Осиё ва Африка, мутахассиси Раёсати кишварҳои Европа ва Америка, мутахассиси Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ ва мутахассиси Раёсати молиявии Вазорати умури хориҷии кишвар дар озмун иштирок кунанд.
Манбаъ афзудааст, ки дар ин озмун довталабоне ҳаққи иштирок доранд, ки маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, нақлиёт, об, гидроэнергетика ва муҳити зист, малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва иқтисодӣ, таҷрибаи кофии маъмурияти Windows ва Microsoft Office-ро дошта, бар иловаи забони тоҷикию русӣ яке аз забонҳои хориҷӣ - англисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабиро хуб донад.
Инчунин донистани асосҳои муносибатҳои байналхалқӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ шарт буда, ба афроди соҳиби собиқаи корӣ на кам аз 5 то 7 сол дар сохторҳои хизмати давлатӣ марбут ба иқтисод, нақлиёт, об, гидроэнергетика ва муҳити зист афзалият дода мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии кишвар афзудааст, ки ҳуҷҷатҳои довталабон аз 22 июл то 21 августи соли равон қабул карда мешавад. Манбаъ дар бораи ҳаҷми маош чизе нагуфтааст.