ФФТ: Маблағи билетҳои бозии “Помир”-у “Равшан” ба селзадаҳо фиристода мешавад
Тамоми маблағи ҷамъшуда аз фурӯши билет ба бозии тимҳои футболи “Помир”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб ба зарардидаҳои офати табиӣ фиристода мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин дидор соати 18:00-и якшанбеи 26 июл дар доираи даври 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ оғоз мешавад. Манбаъ мегӯяд, арзиши чиптаҳо ба қувваозмоии “Помир”-у “Равшан” ба ҷуз аз “қисмати забс” панҷ сомониро ташкил медиҳад: “Инчунин билетҳои махсус барои “қисмати сабз”-и майдон омода мешавад, 50 сомонӣ нарх хоҳанд дошт”.
Билетҳо рӯзи 26 июл ба фурӯш гузошта мешаванд.