Аслов бо даъвати ҳамтои чинияш ба Пекин рафт
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими Чин шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафари расмии Аслов ба Чин субҳи 22 июл оғоз гардид.
Ин сафари Аслов ба Чин, ки бо даъвати Ван И, вазири умури хориҷии ин кишвар сурат мегирад, то 25 июли соли равон идома хоҳад кард.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин сафараш ба Пекин қарор аст, бо ҳамтои чинии худу раҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳотии Чин мулоқот кунад.