Вазири адлия: Реклама накардем, аммо ҲНИТ проблема дошт...(ВИДЕО)
Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ин, ки проблемаю қонуншиканиҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро фош намекарданд, маънои онро надорад, ки дар фаъолияти ин ҳизб ягон мушкилӣ набуд.
Шоҳмуродзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ниҳоди зертобеяш мавқеи худро нисбати иқдоми ҲНИТ ахиран дар як изҳорот баён кард ва он супоришӣ нест: “Мо гуфтан наметавонем, ки ин ҳизб бе ягон мушкилӣ фаъолият дошт. Қариб ҳар сол ба ин ҳизб огоҳинома медодем, аммо мо онро фошу реклама намекардем. Худи ҳизб низ дар ҳафтаномаҳо дар мавриди огоҳиномаҳо ягон нуктае намегуфт, аммо ин маънои онро надорад, ҳизб бе қонуншиканӣ фаъолият кардааст”.
Вазири адлия таъкид намуд, ки барои сохторҳои гуногун дар Тоҷикистон зарур аст, ки қонунро риоя кунанд: “Ҳамчун ҳуқуқшинос мегӯям, ки маҳаки асосии тамоми сохторҳои сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар бояд қонунҳо бошанд, на чизи дигар”.
Ӯ мушаххасан номбар накард, ки барои кадом қонуншиканиҳо ба ҲНИТ огоҳинома равон мекардаанд, аммо таъкид намуд, ки Вазорати адлия бо ҲНИТ дар доираи ваколатҳояш муносибат мекунад ва ҳеч мавқеъгирии супоришӣ надорад: "Вазифаи мо назорати риояи қонун аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятию аҳзоби сиёсӣ ва андешидани чораҳо аст".
Айни видео дар bambuser
Дар изҳороти Вазорати адлия, ки Рустам Шоҳмуродзода аз он зикр кард, муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро “ғаразнок” хонда шудааст. Дар изҳороти ин ниҳод, ки ахиран нашр шуд, аз ҷумла омадааст, “бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ “барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон” муроҷиат намудааст”.
Масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад: “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”.
Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери “шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ” ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло “баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон” истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем”.
Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад: “Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст”.
Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористти маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон “туҳмат” хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд: “Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад”.
Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”.