Роҳандозии торнамои “Мадад” барои кумак ба осебдидаҳои сел дар Тоҷикистон
Анҷумани дастраскунандагони интернети Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет ва Фонди чамъиятии интернет бо мақсади кумак ба осебдидагони сел дар шарқи Тоҷикистон сомонаи “Мадад”-ро фаъол кардаанд.
Созмондиҳандагони сомона дар шарҳи роҳандозии он гуфтаанд, “ниёзмандони ноҳияҳои аз офати табиӣ осебдида ба кӯмаки фидокорон ниёз доранд! Аз ин рӯ, Заминаи мазкур ба вуҷуд омад. Он барои нафаронест, ки кумаки хешро барои осебдидагон дареғ нахоҳанд дошт. Барои амалӣ гаштани ин кори хайр, ду гуруҳи фидкорон лозиманд. Гуруҳи аввал нафароне, ки дар ҳудуди ноҳияҳои осебдидаанду имкони мунтазам фиристодани паёмак ё ба истилоҳ СМС доир ба эҳтиёҷоти ноҳияи осебдида доранд. Гуруҳи дуюм нафаронеанд, ки имкони расонидани маводи зикршударо ба он ноҳия доранд. Саҳми ҳар ду гуруҳ дар расонидани ёрӣ ва таъсирбахшу пайгирии минбаъдаи ин ҷараён бебаҳост”.
Дар пайи баланд шудани сатҳи оби дарёҳо бар асари гармои чанд рӯзи ахир дар вилояти Бадахшон ва навоҳии Рашт чанд тан ҷони худро аз даст дода, даҳҳо манзил комилан хароб шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва омадани сел дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд. Ин ниҳод бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.