Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон 546,4 миллион килловат-соат барқ додааст
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли 2015 дар кишвар 8 миллиарду 658 миллион килловат-соат барқ тавлид шудааст. Дар ин бора дар нишасти хабарии вазоратхонаи мазкур имрӯз, 22 июл хабар дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар шаш моҳи соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи як соли қабл 470,3 миллион килловат-соат ё 5,7 дарсад бештар мебошад.
Дар иттилоияи Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфта мешавад, дар ин давра ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ 546,4 миллион килловат-соат ро ташкил кардааст: “Аз ҷумла ба Афғонистон 504 миллион килловат-соат ва ба Қирғизистон 40,3 миллион килловат-соат барқ содирот шудааст”.
Манбаъ меафзояд, ҳаҷми умумии содироти барқ нисбат ба соли гузашта 47,9 ё 9,4 фоиз зиёдтар мебошад.