Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар як силсила чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ кардаанд.
Тавре ба “Озодагон” аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар натиҷа барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии нашъа 4 нафар боздошт гардиданд. Аз ҷумла, 10-уми октябр, дар ҷараёни баргузории чорабинӣ бо усули “харидории назоратӣ” кормандони шӯъбаи раёсати агентӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшони вилояти Суғд бо гумони фурӯши воситаҳои нашъаовар сокини 37-солаи ноҳияи Панҷакентро, ки пештар бо моддаи 138 КҶ ҶТ (барои таҷовуз ба номус) маҳкум шуда буд, боздошт намуданд. Аснои кофтукофи шахсӣ аз ӯ бастаи пур аз ҳероин кашф ва мусодира гардид. Зимни чорабинии иловагӣ боз ду тан аз шарикони ин амали ҷиноӣ, ки аз ҷумлаи сокинони ҳамин ноҳия буданд, дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса мувофиқи моддаи 200, қ.4 КҶ ҶТ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвадаи ҷиноятӣ боз гардид.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, худи ҳамон рӯз кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон дар ҷараёни тафтиш ва татбиқи маълумоти фаврӣ бо истифода аз саги хидматӣ ҷои истиқомати як сокини 33-солаи шаҳри Кӯлобро мавриди тафтиш қарор доданд. Дар яке аз утоқҳои он бастаи селофании дорои 38 қутти пур аз маводи нашъаовари “канабис” ошкор ва мусодира шуд. Тибқи хулосаи озмоишгоҳи ташхисӣ- судии агентӣ вазни умумии он 400 граммро ташкил медод. Ҳангоми пурсиш боздоштшуда иқрор шуд, ки маводи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад ва қасд дошт онҳоро фурӯшад. Ҳоло чораҳои иловагӣ барои шиносоӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони дигаре, ки ба ин ҷиноятҳо шариканд, андешида мешаванд.{jathumbnail off}