Ихроҷи донишҷӯи тоҷик барои наворҳои ДИИШ дар телефон
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, як донишҷӯро барои ба ҳамсабақонаш намоиш додани наворҳои ҷангҷӯёни Ироқу Сурия ихроҷ кардаанд.
Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисод имрӯз, 22 июл дар аснои нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин донишҷӯ наворҳои ҷангҷӯёни гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ”-ро дар телефонаш нигаҳ дошта, онҳоро ба ҳамдарсонаш намоиш додааст. Оқои Солеҳзода афзуд, донишҷӯи ихроҷшуда бештари вақт ба дарсҳо ҳозир намешудааст: “Мо падару модарашро ба донишкада даъват карда, суҳбат кардем. Баъдан ӯро хориҷ кардем”.
Ба гуфтаи Ашӯрбой Солеҳзода дар Донишкадаи молия ва иқтисод барои ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундраву ифротӣ чораҳои махсус андешида шудааст. Ӯ гуфт, ба омӯзгорон дастур дода шудааст, панҷ дақиқа дар оғоз ё анҷоми дарсҳо дар мавриди зарарҳои экстремизму терроризм ба донишҷӯён суҳбат кунанд. Ректори донишкада мегӯяд, дар ин суҳбатҳо бештар аз давлатҳое мисол оварда мешавад, ки дар гузашта вазъи хуби иқтисодӣ доштанд, аммо дар пайи суръат гирифтани раванди экстремизму терроризм ва шурӯи ҷанг дар гирдоби мушкил монданд.