ВИДЕО: Вазири тоҷик додани 14 чоҳи газро ба Қирғизистон рад кард
Рустам Шоҳмуродзода, вазири адлияи Тоҷикистон иддаои мақомоти қирғизро дар мавриди он, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газро дар ихтиёри Қирғизистон гузоштааст, рад кард.
Шоҳмуродзода, имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, чунин гап нест ва барои анҷоми чунин корҳо бояд созишномаҳо дар сатҳи ҳукуматҳо имзо шаванд, ки иҷро нашудааст: "Ба масъалаи марз комиссияи байниҳукуматӣ машғул аст ва барои ин воқеият бояд созишномаи дуҷониба баста шавад, ки иҷро нашудааст. Чунин гап нест".
ВИДЕОИ суҳбати Шоҳмуродзода дар бораи 14 чоҳи газ
Ин дар ҳолест, ки Уланбек Рисқулов, ноиби директори Агентии давлатии захираҳои минералӣ ва геологии Қирғизистон хабар додааст, ки Тоҷикистон 14 чоҳи газиро дар ихтиёри кишвараш гузоштааст.
Рисқулов зимни суҳбат дар Бишкек изҳор доштааст, дар раванди аломатгузории марзи давлатӣ чоҳҳои газие, ки дар қаламрави Қирғизистон буданду аз ҷониби ширкатҳои тоҷикӣ истифода мешуданд, ба моликияти ҳукумати Қирғизистон дода шуданд: “Нахуст мо бар ин будем, ки он ҷо 8 чоҳ аст, аммо вақте ба он макон рафтем, муайян кардем, ки он ҷо 14 чоҳ аст. Комиссияи махсус ташкил шуд, ки ҳар як чоҳро ташхис кард. Ҳамаи чоҳҳо замони шӯравӣ коркард шудаанд ва қисми зиёди онҳо кор намекунанд. Танҳо як чоҳи фаъол вуҷуд дорад ва феълан ду тои дигар барои кор омодаанду як чоҳи дигар дар ҳоли барқарорсозист”.
Ба гуфтаи ин мансабдори қирғиз феълан масъалаи ба тавозуни Фонди идоракунии моликияти давлатӣ гузарондани чоҳҳо дар ҳоли анҷомёбист ва дар оянда чоҳҳо ба ихтиёри ширкати “Қирғизнефтегаз” дода хоҳанд шуд: “Лӯлаи газ дар ин минтақаҳо ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудааст ва он ба минтақаҳои аҳолинишини Мақсад ва Аркаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд наздик аст”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъалаи чоҳҳои газ дар марз яке аз масъалаҳои баҳсбарангез миёни Тоҷикисону Қирғизистон арзёбӣ мешуд. Тобистони соли 2013 нирӯҳои марзбонӣ коргарони ширкати "Суғд Петролеум"-ро аз мавзеи чоҳҳои гази Катта-Туз берун карда, изҳор доштанд, ки ин чоҳҳо ҳанӯз дар соли 1992 ба онҳо баргардонда мешуд. Ин дар ҳолест, ки ин конҳо аз соли 1974 - қариб 40 сол дар ихтиёри Тоҷикистон будаанд.