Кӯмак аз кисаи Президент ва супориш: 6 ноябр хонаҳои нав омода шаванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл бо баргузории ҷаласаи ҳукумат барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар кишвар дастур додааст, ки зарардидагон то моҳи ноябри соли равон соҳиби хонаи нав шаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки дар Шуғнон 72 хона ва дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 15 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд, таъкид намудааст, ки хонаҳои харобшуда бояд то 6 ноябри соли 2015 пурра барқарор карда шаванд: “Хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин гарданд”.
Бо дастури президент тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш додааст, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.
Дар ҷаласаи имрӯза зарари офатҳои табиӣ 600 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда, таъкид гардидааст, ки он дар пайи гармии бесобиқа дар 71 соли охир рух додааст: “Чунин гарм шудани ҳарорати ҳаво ва боло рафтани оби дарёҳо дар Тоҷикистон бори охир соли 1944 ба қайд гирифта шудааст”.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба робита ба ҷомеа низ, имрӯз, 22-юми июл зимни як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе бо таъкиди дастури президент, ки бояд кӯмакпулии яквақта расонда шаваду то 6 ноябр, рӯзи Сарқонун хонаҳои нав барои зарардидагон таъмин гарданд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмак шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи офатҳои табии рӯзи 20-уми июл 6 сокини ноҳияи Ванҷ ва як сокини Рашт ҷон додааст.