(АКС) “Мурғҳои интиҳорӣ”-и ДИИШ-ро нишонаи камбуди таҷҳизот медонанд
Гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ барои инфиҷор аз мурғҳо истифода мекунад.
Ба навиштаи расонаҳо, аъзои ин гуруҳи террористӣ дар шаҳри Фалуҷи Ироқ камарбандҳои бомбро ба мурғе баста, онро вориди урдугоҳи неруҳои ироқӣ кардаанд. Тасвирҳои “мурғи интиҳорӣ” аз сӯи ҳомиён ва мухолифони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мунташир шудааст.
Шореҳони рӯзномаи “Daily Mail”-и чопи Бритониё ин равиши “Давлати исломӣ”-ро нишондиҳандаи вазъияти танишомез миёни ин гуруҳ донистаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ДИИШ дар ҳоли ҳозир аз камбуди таҷҳизот ранҷ мебаранд.