Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон вориди Душанбе шуд
Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон барои анҷоми як сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ба иттилои торнамои расмии ин иттиҳод, Қарадоғӣ асри сешанбеи 21 июл ба Душанбе омада, ӯро дар фурудгоҳи пойтахт Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон истиқбол кардааст.
Қарор аст, имрӯз, 22 июл дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки дар пойтахти кишвар шурӯъ гардид, суханронӣ кунад.
Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар Душанбе баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.