Лимит ва ё худ чирабандии истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман шурӯъ шуд.
Тибқи иттилои Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» бо сабаби кам шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар манотиқи ҷумҳурӣ интиқоли нерӯи барқ расман маҳдуд гардидааст.Бино ба қавли ӯ, дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол сокинони бархе аз манотиқи кишвар ба як миқдори муаяйн нерӯи барқ хоҳанд гирифт.
Тибқи иттилои мапнбаъ, аз дирӯз барои шаҳри Душанбе 4,7 миллион киловатт-соат, вилояти Суғд дар ҳаҷми 5 миллион киловатт ва барои Хатлон 4,5 киловатт-соат барқ дода мешавад. Ба гуфти ҷаноби Ёдгорӣ, дар мавсими зимистони имсола, чун як соли қабл барои шаҳрҳои Тоҷикистон нерӯи барқ бемаҳдудият дода мешавад.{jathumbnail off}