Суғд: Ошкор шудани 179 фолбин ва сеҳру ҷодугар (САДО)
Шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд мегӯяд, наздики 180 фолбину сеҳру ҷодугарро ошкор кардааст.
Обидҷон Шарофов - мудири ин ниҳод, дар нишасти хабарие рӯзи 21 июл дар шаҳри Хуҷанд гуфт, таҳил ва ҷамъбастҳои шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ нишон дод, ки вақтҳои ахир дар шаҳру навоҳии вилоят машғул шудан бо сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва инчунин, табобати ғайрикасбии хонагӣ аз ҷониби шаҳрвандон бештар ба чашм расида, характери ихлоси умумиро ба худ касб намудааст: “Мо инро ҷамъбаст ва исбот кардем”.
Ҷаноби Шарофов дар идома қайд кард, то 10 майи соли равон 179 нафар бе риояи қонунҳои амалкунанда ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ва 22 каси дигар бидуни иҷозатнома бо табобати ғайриқонунии хонагӣ машғул будаанд: “Бештари онҳое, ки бо сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар қаламрави вилоят, аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ҷаббор Расулов (34 нафар), Бобоҷон Ғафуров (29), Ашт (28), Зафаробод (21), Исфара ва Конибодом (14 нафарӣ), Ғончӣ (12) ва Панҷакент (8 нафар) сару кор доштанд, ошкор ва ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод шуданд”.
Обидҷон Шарофов афзуд, ин афрод аз сӯйи мақомоти дахлдор тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ”, ҷаримабандӣ гаштаанд.
Ба иттилои мудири шӯъба оид ба корҳои дини вилояти Суғд, аз 22 нафар табиби ғайрикасбие, ки дар хонаводаҳо фаъолият мебурдаанд, танҳо 2 нафар - яке аз Спитамен ва дигарӣ аз Қайроққум, расман иҷозатномаи фаъолият дошта, боқимонда ғайриқонунӣ фаъолият мекардаанд.