Палатаи ҳисоб 116 000 $ гранти “баҳсбарангез”-ро месанҷад
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон сарфи 116 ҳазор доллар маблағҳои грантии баҳсбарангези Бунёди глобалиро дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар мавриди санҷиш қарор додааст.
Дар ин бора Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода афзуд, ки “феълан санҷиш идома дорад ва баъди анҷоми он, мо ҳатман аз натиҷааш ба Шумо хабар хоҳем дод. То анҷоми санҷиш мо ягон чӣ гуфта наметавонем”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) эълон кард, аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ тариқи Барномаи рушди Созмони Милал ба Кумитаи ҷавонон ҷудо кардааст, 116 726 доллари он тариқи сохтакорӣ ва тақаллуб харҷ шудааст. Дар пайи ин эълон Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз ниҳодҳои дахлдор дар мавриди харҷи 116 ҳазор доллар, ки барои мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ҷудо шудааст, шарҳ талаб кард. Дар назар аст, ки посух дар ин масъала баъди анҷоми санҷиши Палатаи ҳисоб ироа мешавад.