Раиси Бонки Миллӣ гуфт, баъзе “рафиқон”-аш аз қурби $ сӯиистифода мекунанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар шарҳи уфти серӯзаи қурби доллар, ки ахиран аз 6,60 сомонӣ то 5,40 сомонӣ фаромада, боз бо суръат боло рафт, изҳор дошт, ки ин кори дасти бархе бозигарон ба истиллоҳ “рафиқон”-аш ҳаст.
Нурмаҳмадзода, имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро се рӯзи охири май қурби доллар бо суръати кайҳонӣ поин омаду боз якбора боло рафт, изҳор дошт, ки ин баъзе бозигарон, “дар нохунак рафиқони мо ҳастанд, ки аз чунин ҳолатҳо сӯиистифода мекунанд. Вақте тими Бонки Миллӣ нав шуд, як-ду нафар, ки ба додугирифти ғайрирасмии асъор машғул буданд, ҳар хел овозаҳоро паҳн карда, хостанд сӯиистифод кунанд, лекин ба мақсадашшон нарасиданд. Он рӯзҳо бозори ғайрирасмии асъори хориҷӣ хеле фаъол буд ва мо талош намудем, ки чораандешӣ кунем ва зери назорат гирем. Чунин нуқтаҳои ғайрирасмиро аз байн бурдем. Ҳама гумон карданд, ки мо ҳамаи захираҳои худро барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ равона кардем, ки чунин нест. Мо захираҳои худро нигоҳ доштем. Барои устувории қурби пули миллӣ эҳтироми пули миллӣ сиёсати дурустро ба роҳ мондан даркор аст. Барои ин ҳама бояд, аз ҷумла мақомоти дахлдор кор кунанд”.
Раиси Бонки Миллӣ иддаоро, ки гӯиё барои чанд рӯз содироти асъори хориҷӣ аз кишвар мамнуъ шуда буд, беасос ва дурӯғ хонд. Қаблан Бонки Миллӣ дар шарҳи поинравии қурби доллар барои ҳамагӣ се рӯз изҳор дошт, ки ин таъсири омилҳои бозорӣ-афзоиши пешниҳоду коҳиши талабот аст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзод зимни нишасти матбуотӣ инчунин нияти ниҳодашро барои ҷалби 500 миллион доллар қарз аз Чин шарҳ дода, афзуд, ки он ба устувории қурби пули миллию дастгирии соҳибкорон равона хоҳад шуд: “Аз ҷумла барои додани қарз ба соҳибкорон равона мешавад ва ягон пайомади манфӣ надорад. Дар баробари Бонки рушди Чин мо инчунин бо Бонки кишоварзӣ ва Бонки мардумии Хитой барои гирифтани қарз гуфтушунид дорем”.
Нурмаҳмадзода барои устувории пули миллӣ изҳор дошт, ки ният доранд, зимни додугирифт миёни Чину Тоҷикистон аз пули сомонӣ ва юан истифода кунанд: "Тоҷирони тоҷик дар Чин метавонанд сомонӣ истифода кунанду чиниҳо дар Тоҷикистон метавонанд юанро кор баранд".