Вазорат: Офатҳои табиӣ 100 миллион $ зиён расонданд
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки барои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мақомоти тоҷик кӯмак кунанд.
Ба иттилои ин ниҳод даҳаи дуюми моҳи июл, дар пайи боришоту обхезӣ ва селфароӣ дар навоҳии гуногуни Тоҷикистон ба хоҷагии қишлоқ, соҳаи нақлиёту энергетика беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расонда шуд.
Вазорат аз ҷумла селфароӣ дар Ванҷу водии Ғундро зикр карда, изҳор доштааст, ки феълан роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма масдуд мебошад. Дар пайи зикри селфароӣ дар ноҳияи Ванҷ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова намудааст, ки дар пайи он 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 нафари дигар бенишон гум шудаанд.
Вазорат инчунин офатҳои табиии ахир дар навоҳии дигари вилояти Бадахшон, Хатлон, Суғд ва Раштро хотиррасон намуда, аз ҳалокати як сокини деҳаи Бедаки Рашт иттиллоъ додааст. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки Тоҷикистон дар доираи имконоташ тамоми чораҳоро барои кӯмак ба осебдидагону бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад ва изҳори умед кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ба мақомоти тоҷик кӯмак мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон то 20-уми июл ҳаҷми хисороти офатҳои табииро 50 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Дар пайи селфароиҳои рӯзи 20-уми июл ба ин маблағ 50 миллион доллари дигар зам шуда, дар маҷмуъ ҳаҷми хисорот ба 100 миллион доллар баробар шудааст.