Дар ҳоли ҳозир аз се ду ҳиссаи Тайланд зери об монда, корхонаву муасисаҳо, манозили истиқоматӣ, заминҳои корами шолӣ дар муҳосираи селу сангобанд. Даҳҳо заводу фабрик дари худро ба рӯи коргарон бастааст, шоҳроҳои муосири замонавӣ корношоям гашта, хисороти ворида марзи миллиардҳо долларро кайҳо убур кардааст.
Ҳамзамон, филиали ширкати автомобилсозии «Тойота»-и Ҷопон ва ҳолдинги бузурги ройонасозии амрикоии мавсум ба "Уэстерн диҷитол", ки дар Тайланд фаъолият дошт, дигар амал намекунанд. Айни ҳол 26 музофот дар шимолу шарқ ва қисми марказии Тайланд зери об мондаанд, қисмати ғарбӣ ва шарқии Банког низ таги об шудааст.{jathumbnail off}