Даъвати Убайдуллоев барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон аз аъзои палатаи болоии парлумон хост, дар масъалаи гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ бетараф набошанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки имрӯз, 21 июл дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллӣ суҳбат мекард, ба ҳолатҳои пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои ҷангҷӯи давлатҳои Сурия, Ироқ ва Яман ишора карда, гуфт, пеши роҳи ин ҷараён бояд гирифта шавад. Ӯ бо таъкиди ин нукта, ки дар масъалаи мазкур набояд бетараф буд, ба аъзои маҷлис гуфт, "пешгирӣ кардани раванди мазкур аз шумо низ вобастагии калон дорад".
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон афзуд, ҳоло ин ҷараёнро ягон маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ба таври комил таҳқиқ накардааст: “Вале бо зиёд намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ пеши роҳи инро бояд бигирем”.
Даъвати Убайдуллоев барои пешгирӣ аз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои эктремистиву террористӣ дар ҳолест, ки ба омори расмӣ теъдоди ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ ба 400 мерасад.