Баррасии вазъи Афғонистон дар суҳбати дипломати тоҷику қирғиз
Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон имрӯз, 21 июл бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон, ҷонибҳо ҳамкориҳои умдаи тарафайнро баррасӣ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, дипломатҳои тоҷику қирғиз дар мавриди масоили муосири байналмилалӣ, авзоъ дар минтақа ва Афғонистон низ гуфтугӯ кардаанд.