Шаҳодатномаи байналмилалӣ ба варзишгарону мураббиён тақдим гардид
Як гурӯҳ мураббиёну варзишгарони тоҷик пас аз фаро гирифтани давраи тамринотиву таълимии 13-рӯза соҳиби шаҳодатномаи вижа гардиданд.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, бо мақсади баланд бардоштани малакаву таҷрибаи варзишии мураббиён ва варзишгарон дар риштаи варзиши сабук аз таърихи 30-юми сентябр то 13-уми октябр дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимӣ бо иштироки намояндаи ҷумҳурии Қазоқистон Александ Кругликов -эксперти байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 30 варзишгар ва мураббиёни ҷавон иштирок намуданд. Машғулиятҳо ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ ҷараён гирифтанд. Тибқи иттилои манбаъ, семинар қабл аз зӯҳри имрӯз ба анҷом расида, аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзиши сабук дар якҷоягӣ бо кумитаи миллии олимпӣ ба иштирокчиёни он сертификат тақдим карда шуд.{jathumbnail off}