Ҷаҳиши нархҳо дар Бадахшон ва суҳбати генерал Раҳимзода бо савдогарон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20-уми июл бо савдогарони бозори шаҳри Хоруғ суҳбат кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти умури дохилӣ дар пайи селфароӣ ва маҳдуд шудани рафтуомад ба Бадахшон нархи бархе аз маводи ниёзи аввал дар минтақа боло рафтааст. Вазири умури дохилӣ дар суҳбат бо савдогарон изҳор доштааст, ки маҳдудияти рафтуомад мушкили муваққатӣ буда, ба зудӣ бартараф хоҳад шуд: "Феълан роҳи Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ хароб гашта, корҳои барқарорсозӣ идома доранд".