Ҷаласаи изтирории Э. Раҳмон баъди селфароиҳои маргбори 20 июл
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз масъулини ҳукумат хостааст, ҳарчи зудтар ба бартарафсозии оқибатҳои офати табии минтақаи Бадахшон иқдом кунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 21 июл ба сарвазир Қоҳир Расулзода, муовини ӯ Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Хайриддин Абдураҳимов раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида “барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамчунин дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод”.
Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад: “Хотиррасон бояд намуд, ки бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд. Мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд”.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуда, ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд: “Ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кумаки зарурӣ расонда мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла маводи ғизоӣ, либос ва дигар ашёи лозима дастрас мегардад. Ҳамчунин ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кумак расонда мешавад”.