Як сокини водии Бартанги Бадахшони Куҳӣ унвонии “Озодагон” чанд акс фиристодааст, ки аз харобкориҳои дарёи Бартанг қисса мекунад.
Назрулло Тоҳирбеков, сокини деҳаи Рошорви Бадахшон мегӯяд, ин аксҳоро рӯзҳои 18-19 июли соли равон бардошт. Ба гуфтаи ҷаноби Тоҳирбеков, ӯ қасд дошт барои аёдати волидонаш ба деҳаи Рошорв биравад, аммо дар пайи хароб роҳ аз деҳаи Разуҷ то Аҷирх ва пуле, ки рустои Сипонҷ ва Даржомчро бо ҳам мепайвандад чанд рӯзро дар куҳу пушта сипарӣ кард. Мегӯяд, ӯ танҳо набуд ва мардуми зиёде ҳам ин саргардониро доштанд. Зимнан, Назрулло Тоҳирбеков зери аксҳои фиристодаи худ шарҳ низ навиштааст, ки пешниҳоди хонанда мегардад.
То имрӯз мақомот ва масъулин барои барқарорсозии роҳҳои харобшуда иқдоме накардаанд
Дар мавзеъҳои хатарнок барои кумак ба мусофирон ягон масъул, бо шумули кормандони "ДЭУ" нест
Ин купруки болои дарёчаи Баҷувдара мебошад, ки ҳар сол об онро хароб мекунад, вале ҳангоми барқарорсозӣ масъулин аз усули "хонасозии Барфаку Зардак" истифода мебаранд, яъне, бо сарфи маблағи калон корҳои пастсифат анҷом медиҳанд
Истифода аз пайроҳаи бобоӣ, ки тавассути куҳу кутал мегузашт, имрӯз дубора мавриди истифодаи сокинони водии Бартанг қарор мегирад, ки дар бештари ҷойҳо хеле хатарнок аст, махсусан барои ҷинсҳои латиф
Инҳо куҳнавард нестанд, сокинони одии ин минтақаанд, ки барои аз як деҳа ба деҳаи дигар сафар кардан, аз чунин роҳҳо мегузаранд