Талоши вазири фарҳанг бораи назорати “стриптиз” дар тарабхонаҳои Тоҷикистон
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон роҳандозии рақси духтарон бо тани нимбараҳна дар бархе аз муассисаҳои дилхушию тарабхонаҳои кишварро интиқод намуд.
Орумбекзода имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳамаи эродҳо дар мавриди рақси духтарони нимбараҳна дар бархе аз муассисаҳои кишвар қобили қабуланд ва зарур хонд, ки назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад. Аз ҷумла ба гуфтаи Орумбекзода Вазорати фарҳанг низ бояд нисбати ин зуҳурот бетараф набошад: “Мо ин масъаларо зери назорат мегирем, шояд рейдҳо ҳам гузаронем”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон хабари шабона ба рақс машғул шудани як духтари 14-соларо дар Душанбе зикр кард, ки ба иттилои мақомот ба ҷои рафтан ба дарс давоми чанд моҳ шабона дар тарабхона рақс мекардааст.
Дар баробари ин вазири фарҳанг риояи фарҳанги либоспӯширо ҳангоми рафтан ба китобхона зарур хонда, аз манъи рафтан ба китобхонаи миллӣ бо либоси варзишию хонагӣ истиқбол намуд. Ӯ гуфт, дар фарҳанги тоҷикон бо либоси варзишӣ ба варзишгоҳ мераванд ва ҳангоми рафтан ба китобхона бояд либоси мувофиқ пӯшида шавад.