“Трешина”-и тирезаи ҳавопаймо дар Душанбе боиси лағви парвоз шуд
Азизмат Қурбонов, директори техникии “Тоҷик Эйр” имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе сабаби лағви парвоз ба Бишкекро, ки 15-уми июл боиси норозигии мусофирон шуд, ба шикастани тиреза ё худ оинаи пеши ҳавопаймо рабт дод.
Қурбонов изҳор дошт, ки баъди бозгашт аз Маскав тирезаи пеши ҳавопаймо шикаст ва ба далели набудани ҳавопаймо парвоз ба Бишкек лағв гардид.
Файзулло Сатторов, директори парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” дар шарҳи қазия афзуд, ки он шикаст ба андозаи мӯи сар буд ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ тавсия дода шудааст, ки дар чунин ҳолатҳо ҳавопаймо парвоз накунад: “Ин шикасти хеле кӯчак аст ва онро халабонҳою муҳандисон дар роҳи бозгашт аз Маскав вақти дамидани субҳ мушоҳида кардаанд. Ба хотири амният мо иҷозаи парвоз надодем. Феълан таҷҳизот иваз шудаанд ва ҳавопаймо дар хизмат қарор дорад”.
Сатторов зикр кард, ки ширкаташон ҳамагӣ аз ду ҳавопаймо кор мебарад ва афзуд, ки талош мекунанд, ояндаи наздик чанд ҳавопаймои дигарро дастрас кунанд. Директори парвозҳои “Тоҷик Эйр” инчунин илова намуд, ки баъди лағви ахири парвоз ба Бишкек “Тоҷик Эйр” ба мусофирон пешниҳод кард, ки тамоми хароҷотро ба дӯш мегирад ва омода буд, ки сафари мусофиронро тариқи Алмаато ба Бишкек таъмин кунад. ВИДЕОИ суҳбати Сатторов дар бораи шикасти тиреза