Раиси Кумитаи андоз: Талош мекунем, ки “Вавилон М” фаъолият кунад...(ВИДЕО)
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо роҳбарияти “Вавилон М” созиши шифоҳӣ доранд, ки 341 миллион сомонии буҷаро давра ба давра бо назардошти имкониятҳо пардохт хоҳад кард.
Давлатзода имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо назардошти имконияти молии корхона талош мекунанд, ки “Вавилон М” ҳам фаъолият кунаду ҳам қарзашро марҳила ба марҳила пардохт кунад: “Мо дар ин бора бо роҳбарияти ширкат шифоҳӣ созиш ҳам кардем. Аз 341 миллион сомонӣ қарз аллакай дар ду моҳи гузашта 5 миллионро рӯёндем ва кӯшиш мекунем дар моҳҳои баъдӣ боқимондаро ба буҷаи давлат ворид кунем. Мо уҳдадорем, ки тибқи қарори суд барои рӯёндани ин қарз чораандешӣ кунем”.
Ин дар ҳолест, ки Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе даъвои Кумитаи андозро алайҳи “Вавилон-М” қонунӣ хонда, афзуд, ки даъвои кассатсионии ширкатро рад кардаанд.
Мансурзода гуфт, “Вавилон М” аз додгоҳ дархост карда буд, ки санади санҷишӣ ва қарор барои рӯёнидани 341 миллион сомонӣ андоз, ҷарима ва фоизҳо аз ин ширкат қисман бекор карда шавад: “Дар марҳилаи қаблӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 228 ҳазор сомонӣ даъвои Кумитаи андоз алайҳи “Вавилон М” бекор карда шуд. Дар қисмҳои дигар дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ даъвои Кумитаи андоз асоснок карда шудааст”.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ илова намуд, ки “мо дар ин баҳс нуқта гузоштем ва ҳоло ин қарор дар ҳоли иҷро қарор дорад”. Ба суол, ки оё додгоҳ имконияти ширкатро барои пардохти чунин маблағ ба назар гирифтааст, Мансурзода изҳор дошт, ки қазияро танҳо аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ мекунанд ва ба имконияти молии ширкатҳо баҳо намедиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Вавилон М” дар робита ба 341 миллион сомонии баҳсӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Додгоҳи қонуни асосии кишвар муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифт.Айни видео дар
bambuser