Шабнам ва Фарзонаву Фаридуни Хуршед муддаии "Big Apple Music Awards-2015”
Се хонандаи попи тоҷик муддаии ҷоизаи озмуни мусиқии "Big Apple Music Awards” дар соли 2015-анд.
Диловари Мизроб, продюсери Фарзонаи Хуршед ба “Озодагон” гуфт, озмуни мазкур моҳи сентябри соли равон дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад: “Имсол “Big Apple Music Awards”-ро ширкати “DAF Entertainment” баргузор мекунад ва аз Тоҷикистон се нафар - Шабнами Сурайё, хоҳараш Фарзона ва Фаридуни Хуршед дар он иштирок хоҳанд кард”.
“Big Apple Music Awards” ҷоизаи мусиқиест, ки аз соли 2008 ба ин сӯ тақдим мешавад. Маъмулан маросими эътои ҷоизаҳо ҳар баҳор дар Ню-Йорки Амрико мегузашт, аммо барои аввалин бор он ба Олмон кӯч мебандад. Дар эълоне, ки торнамои ҷашнвора нашр кардааст, аз иштироки намояндаҳои дасти кам чор кишвар дар озмуни мазкур хабар дода мешавад. Миёни муддаиён Ориёно Саид, Фарҳоди Дарё ва Борон низ ҳастанд.
Барои Шабнаму Фарзона ва Фаридун иштирок дар “Big Apple Music Awards” таҷрибаи нав нест. Ҳарсе соли гузашта низ ҷоизадори озмун буданд. Шабнами Сурайё ҷоизаи “Алмос”-и ҷашнвораро гирифт. Фарзона “Беҳтарин сарояндаи зан аз Тоҷикистон” эътироф шуду Фаридунро “Падидаи сол” гуфтанд.
Фарзона соли 2011, баъд аз чанд моҳи раҳоияш аз зиндон, дар озмуни "Big Apple Music Awards” ба ҳайси меҳмон иштирок кард. Ду сол қаблаш, яъне соли 2009 Шабнам ҷоизаи “Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон”-ро ба худ ихтисос дод.
Ба ҷуз аз ин се, Ҷӯрабек Муродов ва писараш – Ҷонибек, инчунин Баҳроми Ғафурӣ аз ин озмун ҷоиза гирифтаанд. Баҳром Ғафурӣ соли 2009 “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” ва соли 2014 “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” эътироф шуд. Ҷӯрабек Муродов соли 2011 “Чеҳраи мондагор” ва Ҷонибек “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” шинохта шуданд. Ҷонибек соли 2009 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон”-ро ба худ ихтисос дода буд.
Инчунин, қаблан иттилоъ дода шуд, ки Валиҷон Азизов ва Тахмина Ниязова, ду хонандаи дигари попи тоҷик имсол муддаии ҷоизаи "Big Apple Music Awards-2015. Gold Edition" ҳастианд. Саҳифаи Фейсбукии ҷоиза менависад, ин хонандаҳои тоҷик барои нашри махсуси ҷоизаи маъруфи мусиқии Амрико, ки ба унвони “Нашри тилоӣ” ном бурда мешавад, талош хоҳанд кард.