“Я Душанбинец-2” ба кумаки сокинони Бадахшон бархест
Корбарони фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба кумаки сокинони аз селоб зарардидаи вилояти Бадахшон пардохтанд.
Фаъолони гуруҳи фейсбукии “Я Душанбинец-2” бо нашри эълоне аз тасмими худ барои кумак ба бадахшониҳои зарардида хабар додаанд.
Ба иттилои фаъолони ин гуруҳ, дар ҳоли ҳозир дар се минтақаи шаҳри Душанбе, бо шумули меҳмонсароҳои “Hotel Tajikistan” ва “Grand Hotel” нуқтаҳои ҷамъоварии кумакҳои башардӯстона таъсис ёфтааст.
Онҳо мегӯянд, хоҳишмандон метавонанд ба ин нуқтаҳо маблағ ва ё ашёи рӯзгору либос ё болопӯш биёранд ва дар ин иқдоми хайр саҳм гузоранд.
Қаблан, як гуруҳи ҷавонони вилояти Хатлон низ эълон карданд, ки ба кумаки сокинони зарардидаи Бадахшон иқдом кардаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи баланд шудани сатҳи оби дарё дар деҳаи Барсем 41 хона, дар деҳаи Бердибекобод 3 хона ва дар деҳаи Колхозобод 12 хонаи истиқоматӣ пурра зарар дидаанд: “Инчунин бар асари ин офати табиӣ 1 мактаб, 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд”.
Тибқи ҳисобҳои пешакии Кумита зарари ин сел ҳудуди 19 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, зарари асосӣ баъди канда шудани садди обанборе, ки дар пайи фаромадани сел ба вуҷуд омад, расидааст: "Феълан вазъ дар ҷои ҳодиса муътадил буда, сатҳи об поин фаромадааст".
Акс аз Фейсбук