Файзулло Сатторов, директори парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр”, хатсайри Душанбе-Хоруғро “вазнинтарин дар ҷаҳон” унвон карда, афзуд, ки ширкат аз нигоҳи молӣ аз ин хатсайр танҳо зарар мебинад.
Сатторов, имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, хатсайри Душанбе-Хоруғ давоми ду ҳафтаи охир аз мавзӯҳои меҳварӣ дар ҷаласаи “Тоҷик Эйр” мебошад: “Бо вуҷуди зараровар будани хатсайр роҳбарияти “Тоҷик-Эйр” ягон фикри гирифтани даромад аз ин парвозҳоро надорад. Мо талош мекунем, ки парвозҳо ҳар чӣ бештар анҷом дода шаванду мушкили мусофирон ҳал гардад. Аммо онҳое, ки фикр мекунанд, мо метавонем тамоми сол аз рӯи ин масир парвозҳо анҷом диҳем, хато мекунанд. Парвоз дар ин хатсайр вазнинтарин дар ҷаҳон аст. Чунин хатсайр дуто буд, яке дар Канада, ки онро барҳам доданд. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин масир ягон таҷҳизот нест ва халабонҳо аз рӯи диди озод аз рӯи таҷҳизоти ҳавопаймо парвоз мекунанд. Дар ин масир ягон таҷҳизот насб нашудааст. Агар як миқдор абр пайдо шавад, ягон кас аз рӯи меъёрҳои амниятӣ ҳуқуқи иҷозаи парвозро надорад”.
Директори парвозҳои “Тоҷик Эйр” афзуд, ки баъди пош хӯрдани шӯравӣ дар самти Хоруғ ба мушкили дарёфти ҳавопаймо низ дучор шудаанд: “Ду ҳавопаймои Ан-28 дорем, ки иҷозаи парвоз дар ин хатсайрро доранд. Дигар ҳавопаймоҳоро истифода бурда наметавонем. Барои гирифтани иҷозаи парвоз дар ин хатсайр барои дигар ҳавопаймоҳо маъмурияти ҳавопаймоии Тоҷикистон бо МАК бояд нақшаи парвозу нишасти тайёраҳоро дар Хоруғ таҳия кунанд. Нақша бояд тавре роҳандозӣ шавад, ки агар яке муҳаррикҳо аз кор монад, халабонҳо бо як муҳаррик тавонанд ҳавопайморо фуруд оранд. Дар масири Хоруғ ягон ҷое нест, дар чунин ҳолатҳо ҳавопаймо фуруд ояд. Дар хатсайр ҳавопаймо қариб 5-6 бор хатти сарҳадро убур мекунад. Ман худам халабонам ва зиёд ба Хоруғ парвоз кардаам. Мақсад танҳо амнияти мусофирон аст”.
Файзулло Сатторов афзуд, мушкилот дар хатсайри Хоруғ-Душанбе шояд дар солҳои оянда, баъди он, ки дар ин хатсайр ягон “датчик”-ҳо насб карда шаванд, ҳал мегарданд. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар сурати насби “датчик”-ҳо ширкат метавонад, новобаста аз боду ҳаво ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран як гуруҳ сокинони Бадахшон бо як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки мушкилот дар ин масирро ҳал кунад, зеро барои дарёфти як чипта мусофирон ҳафтаҳо дар навбат меистанд. ВИДЕОИ СУҲБАТИ САТТОРОВ ДАР БОРАИ ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ХОРУҒ