Интиқоли духтари 14-солаи тоҷик, ки бо лӯлиҳо ба Русия фирор карда буд
Раёсати умури дохилии вилояти Смоленски Русия аз интиқоли як духтари 14-солаи тоҷик ба Ватан хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ноболиғ баъди он ки бо модараш ҷанҷон мекунад, ҳамроҳи лӯлиҳо ба Русия мегурезад. Ӯ чанд моҳ дар шаҳрҳои мухталифи Русия гашта, билохира дар Смоленск аз ҷониби кормандони пулис боздошт ва чанд муддат дар Маркази нигаҳдории муваққатии ноболиғони Раёсати умури дохилии вилоят нигоҳ дошта мешавад: “Муайян шуд, ки ин духтари навраси тоҷик баъди ҷанҷоли навбатӣ бо модараш аз хона фирор карда, дар бозор бо лӯлиҳо шинос мешавад ва ҳамроҳи онҳо ба Русия меояд”.
Манбаъ мегӯяд, дар Маркази нигаҳдории муваққатии ноболиғон ба ӯ имкон дода шуд, бо телефон ба модараш занг бизанад: “Ҳангоми суҳбат модар ва духтар гиристанд ва аз ҳамдигар узр хостанд”.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Смоленск ин ноболиғи тоҷикро ба пулиси Маскав таслим кардаанд ва аз пойтахти Русия ӯ ба Тоҷикистон фиристода шудааст.
Дар бораи аз кадом минтақаи Тоҷикистон будани ин ноболиғ маълумоте ироа нашудааст.