Дар заминаи нишондодҳои барномаи вижа аз ҳисоби маблағҳои бозгаштӣ ва дороиҳои ба ин самт ҷудогардида ба 2505 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 6.422.437 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид.
Тавре ба “Озодагон” аз агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар доданд, ин нишондод қиёс ба ҳамин давраи соли 2010 мутаносибан 995 нафар ва 2.675.489 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби раёсат ва шӯъбаҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ВМКБ ба 547 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1.150.785 сомонӣ, вилояти Суғд ба 615 нафар дар ҳаҷми 1.458.100 сомонӣ, вилояти Хатлон ба 626 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1.618.738 сомонӣ, шаҳри Душанбе ба 123 нафар ба маблағӣ 493.450 сомонӣ, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 594 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 1.701.364 сомонӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ қарзҳои хурди имтиёзнок доданд.
Манбаъ афзуд, самти фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ҷумҳурӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона гардидааст. Тайи давраи ҳисоботӣ барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 1230 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 3.318.683 сомонӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ба 851 нафар шахсони бекор ба андозаи 1.892.639 сомонӣ ва фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ бошад ба 424 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми 1.211.115 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пардохт гардидааст. {jathumbnail off}