Ҳалокати 5 тоҷик аз беэҳтиётӣ дар рӯзи Иди Фитр
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 17-уми июл дар кишвар, ки мардум Иди Фитрро таҷлил мекарданд, аз беэҳтиётӣ дар рӯду дарёҳо боз 5 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз ҷумла 17-уми июл, соати 14:00-дақиқа, ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ёхсу, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст: “Худи ҳамин рӯз соати 17.00-дақиқа, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, соати 19:30-дақиқа ҷавонзани 31-сола ва ҷавони 22-сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми оббозӣ кардан дар обанбори “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону-Хитой” аз беэҳтиётиашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки баъди зуҳри 17-уми июл, соати 16.00-дақиқа духтарчаи 8-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми оббозӣ дар канали “Нов-1”, воқеъ дар кӯчаи Х.Олимҷон дар об ғарқ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои нашршуда танҳо дар давоми 20 рӯзи моҳи равон ҳудуди 30 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 дар Тоҷикистон давоми як сол ҳамагӣ 31 нафар ғарқ шудаанд.