Иқрор. Фаттоҳ Саид ба фасодзадагии ниҳодаш ишора кард
Ахиран Фаттоҳ Саид, раиси Хадамоти гумрук ба “калла гирифт”, ки карру фар ва савлати кормандонаш аз ҳисоби сохтакории ҳуҷатҳо ва фиреби давлату миллат аст.
14 июл Абдуфаттоҳи Ғоиб дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук изҳор дошт, ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд: “Дар вақти вуруд дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст”.
Худи маълумот нав нест. Чунин маълумотҳоро аз даҳони мардум қариб ҳар рӯз мешунавем. Аммо ин ки ин ҷурму гуноҳи кормандони мақомотро як роҳбари олимартабаи ҳукумат тасдиқ мекунад ва мисли дигар роҳбарон гуноҳи зердастонашро ба истилоҳ “намепӯшонад” аҷиб аст. Бадбахтона, фасод солҳост, ки аксари бахшҳои ҷомеа бахусус сохторҳои қудратиро пахш намудааст. Зоҳиран гӯиё мо бо фасод мубориза мебарем, вале дар асл аксари мо хоҳ шаҳрванди оддӣ хоҳ мансабдор ва онҳое, ки рисолаташон мубориза бо фасод аст ин падидаро нодида мегирем.
Одат кардаем, ки бигуем: “фасоди молӣ дар тамоми ҷаҳон ҳаст”, “муҳоҷират раванди умумиҷаҳонист” ва мисли ин худфиребиҳои дигар. Аммо наход фасод дар дигар кишварҳо ба дараҷаи мо бошад, ки фоизи фасод наздик ба 50/50 бошад. Бубинед, худи Фаттоҳ Саид чӣ мегӯяд: Чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад: “Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.
Ин маънои онро дорад, ки нисфи пуле, ки ба буҷаи кишвар бояд ворид мегардид, миёни соҳибкорон ва гумрукчиён тақсим карда шудааст. Гуфтем, ки иқрор кардани роҳбари яке аз ниҳодҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон дар хусуси вуҷуд доштани фасодкорӣ дар ниҳоди зери роҳбарияш ҳодисаи нодир ва дар ҳамин ҳол муҳим ҳам ҳаст. Ҳолатҳое ки Фаттоҳ Саид ёд мекунад дар дигар ниҳодҳо низ ба шакли махсуси ҳамон соҳа вуҷуд дорад. Аммо барои иқрор намудани онки соҳа дар мурдоби фасод ғутавар гардидааст, як каме ҷуръату ҷасорат даркор, ки ба аксари мансабдорони мо хос нест.
Иқрор шудан ба инки фасод дар ниҳодҳои қудратӣ мавҷуд аст, қадами аввал барои мубориза бо ин хатар метавонад бошад. Аммо, агар танҳо иқрор бар забон бошаду амал накунем ба ҳич куҷо намерасем. Мисле, ки то имрӯз ба ҳеч куҷо нарасидем.
Бори дигар ба фактҳое, ки Фаттоҳ Саид раиси Хадамоти гумрук меорад, мутаваҷчеҳ шавед. Ӯ қазияи боздошти сардори як дидбонгоҳи гумрукиро дар соли гузашта зикр кард, ки дар биноҳои навбунёд 24 хона доштаасту аз худаш қариб ду миллион доллар пули нақд дарёфт шудааст. Тасаввур мекунед, агар ҳар як корманди гумрук ва андоз бо давлату миллати худ чунин муносибат намояд ҳоли кишвар чӣ мешавад? Магар даҳшатнок нест?
Ё худи ин ки аз 257 миллион доллар нисфаш ба ҳаво меравад, ҷои нигаронӣ надорад? Оре, дорад. Ин Шармандагист! Фасод ба забони оддии омма дуздӣ аст ва дуздӣ бешарафист ва ҷомеаро ба фалокат дучор месозад. Барои он ки ҳамагӣ ғарқ нашавем, ҳар чи зудтар дасти дуздҳоро кутаҳ бояд кард!